Ru  | Tj
Сафорати Амрико ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 адад автомобили тамғаи ҷипи J8 тақдим кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 адад автомобили тамғаи ҷипи J8 тақдим кард
Акс: tj.usembassy.gov

Сафорати Амрико ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 адад автомобили тамғаи ҷипи J8 тақдим кард

Нашр шуд

Арзиши мошинҳо 1,4 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Ба иттилои Котиботи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар доираи барномаи кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкам намудани сарҳадҳои давлатӣ 20 автомобил бо арзиши умумии 1,4 миллион доллар ба Вазорати мудофиаи кишвари Тоҷикистон тақдим гардид. Автомобилҳои мазкур ба нерӯҳои вижаи Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар минтақаҳои душворгузари марз амалиёт гузаронанд.

Гуфта мешавад, ки дар маросими супоридани автомобилҳо сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва муовини Вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот генерал-майор Бобозода Хусрав иштирок намуданд.

"Ин кӯмаки хайрия як намунаи дастгириест, ки мо барои таъмини амнияти марзҳо ба Тоҷикистон мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти марзҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ҳастаӣ шарик мемонем. Замоне, ки мо якҷоя фаъолият менамоем, қавитар мешавем.",- арз дошт Поммершайм ҳангоми суханронӣ.

Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кӯмаки низомӣ расонидааст. Ин кӯмак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад.

ИМА дар давоми 30 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат ин кишвар ҷиҳати дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушди иқтисод, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, маориф ва рушди ҳамкориҳои низомӣ ба маблағи 1,8 миллиард доллар мадад расонидааст.

Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон кӯмак мерасонад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед