Ru  | Tj
Сафорати Фаронса дар Душанбе чаҳорумин фестивали филмҳои фаронсавиро баргузор мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Фаронса дар Душанбе чаҳорумин фестивали филмҳои фаронсавиро баргузор мекунад
Акс: АМИТ "Ховар"

Сафорати Фаронса дар Душанбе чаҳорумин фестивали филмҳои фаронсавиро баргузор мекунад

Нашр шуд

Дар Душанбе аз 1-якум то панҷуми ноябр чаҳорумин Фестивали филмҳои фаронсавӣ баргузор мегардад.

Ба иттилои Ховар, фестивали филмҳои фаронсавӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Фаронса ва Маркази фарҳангии “Бохтар” баргузор гардида, дар он филмҳои бадеӣ, мустанад, аниматсионӣ, мазҳакавӣ ва драмавӣ бо субтитрҳои русӣ намоиш дода мешаванд.

Манбаъ меафзояд, фестивали филмҳои фаронсавӣ бо филми «Comme un Lion» («Мисли шер») оғоз мегардад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар доираи ин фестивал филмҳои «Felicitа» («Хушбахтӣ»), «Les Contes de la Nuit» («Афсонаҳои шабона») филми тасвирии «A la recherche des femmes chefs» («Дар ҷустуҷӯи занони ошпаз»), «Jusquа la garde» («Ҳимояи фарзанд») ва дигар офаридаҳои синамогарони фаронсавӣ пешниҳоди бинандагон мегардад.

Бояд гуфт, ки аввалин фестивали филмҳои фаронсавӣ моҳи ноябри соли 2018 аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Душанбе баргузор гардида буд.

Ясмин Гуедар, сафири вақти Фаронса дар Душанбе гуфта буд, ки ният дорад, кишвараш лоиҳаҳои зиёдеро дар соҳаи синамо амалӣ гардонад.

Гуедар таъкид намуда буд, аз ҷумла, онҳо кӯшиш доранд, ки робита ва ҳамкориро байни Тоҷикфилм ва Маркази миллии синамои Фаронса ба роҳ монанд.

Фестивали “Боми ҷаҳон” имсол тариқи онлайн ҷараён дорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед