Ru  | Tj
Сафорати Тоҷикистон дар ФР ба дидори ятимони “Алтуфево”-и шаҳри Москва рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Тоҷикистон дар ФР ба дидори ятимони “Алтуфево”-и шаҳри Москва рафт
Акс: Хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сафорати Тоҷикистон дар ФР ба дидори ятимони “Алтуфево”-и шаҳри Москва рафт

Нашр шуд

Имомуддин Сатторзода ба кӯдакони ятими муассисаи “Алтуфево” тӯҳфаҳои идона, маводи ғизоӣ ва либосҳо тақдим кард.

5-уми май Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва консули сафорат Анвар Ибодзода бо мақсади аёдат ба Маркази дастгирии иҷтимоӣ ва нигоҳубини ноболиғони “Алтуфево”-и шаҳри Москва рафт.

Бино ба иттилои роҳбарияти маркази номбурда, дар муассисаи мазкур зиёда аз 74 нафар кӯдакони ятим, ки 2 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба таълиму тарбия ва табобат фаро гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар ин марказ тамоми шароити моддиву маишӣ ва фароғативу тавонбахшӣ ба тарбиятгирандагони ин муассиса фароҳам оварда шудааст, то онҳо бекасӣ ва танҳоиро эҳсос накунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ мулоқот кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед