Ru  | Tj
Сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба рӯзноманигорони арабӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба рӯзноманигорони арабӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуд

Сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба рӯзноманигорони арабӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуд

Нашр шуд

Чорабинии мазкур дар робита ба ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафаи Тоҷикистон бо  Арабистони Саудӣ роҳандозӣ шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, нишасти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Риёз рӯзи 2-юми январ сурат гирифтааст.

Таъкид мегардад, Акрам Каримӣ, Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар рафти нишаст қайд намудааст, ки ҷорӣ гардидани низоми бераводиди яктарафа дар таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои сайёҳӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ таъсири назаррас хоҳад гузошт.

Гуфта мешавад, ки дар ҳошияи нишаст ба воситаи наворҳои видеоӣ имкониятҳои сайёҳӣ ва фазои сармоягузории кишвари мо намоиш дода шудаанд.

Ҳамчунин, тариқи аксҳо сарзамини мо зери унвони  “Тоҷикистон – кишвари сайёҳии умедбахш” муаррифӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани низоми бераводид барои шаҳрвандони 52  кишвари ҷаҳон аз рӯзи нахусти моҳи январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт.

Тибқи қарори дахлдор мӯҳлати будубоши шаҳрвандони давлатҳои хориҷа (кишварҳое, ки низоми бераводид дар робита ба шаҳрвандони онҳо ҷорӣ шудааст) дар қаламрави Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар гаштааст. 


Шарики асосӣ. Маҳсулоти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Швейтсария содирот мешавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед