Ru  | Tj
Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи куштори шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти назорат гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи куштори шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти назорат гирифт
Акс: ASIA-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи куштори шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти назорат гирифт

Нашр шуд

Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи Фейсбуки худ иттилоъ медиҳад, воқеаи куштори Давлатов Эмомалӣ Маҳмадзарифович, ки моҳи феврали соли 2022 27-сола мешуд, мавриди пайгирии ҷиддии сафорат қарор дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади дақиқ намудани ҷузъиёти ин ҳодиса намояндагии Тоҷикистон дар Русия ба идораи дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намудааст.

Манбаъ меафзояд, ки тафтишот аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар доираи қонунгузорӣ сурат гирифта, пайгирии масъала то ниҳояти ҳалли он идома меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекард, дар ҳудуди майдони ҳавоии Пулковои Санкт-Петербург пайдо шудааст.

Расонаҳои русӣ хабар дода буданд, ки дар бадани ронанда, аз ҷумла гулӯ ва пушти сар захмҳои буридашуда ба мушоҳида расидаанд.


Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия қазияи рухдода дар Иркутскро таҳти назорат гирифтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед