Ru  | Tj
“Салом, Маскав!” Тоҷикистон ба гузаронидани Рӯзҳои фарҳангӣ дар Русия омодагӣ мебинад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Салом, Маскав!” Тоҷикистон ба гузаронидани Рӯзҳои фарҳангӣ дар Русия омодагӣ мебинад
Акс: Интернет

“Салом, Маскав!” Тоҷикистон ба гузаронидани Рӯзҳои фарҳангӣ дар Русия омодагӣ мебинад

Нашр шуд

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов дар мавриди замони дақиқи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия хабар додаву гуфт, ки ҳайати Тоҷикистон ба ин чорабинӣ омодагии ҷиддӣ мебинад.

 Ба гузориши хабаргузории расмии «Ховар» ба нақл аз Мирзоолим Саидов, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон 24-уми октябри соли равон дар шаҳри Маскав оғоз меёбанд ва тоҷикон дар доираи ин чорабинӣ дар пойтахти Русия намоишҳо ва барномаҳои консертӣ баргузор мекунанду хӯрокҳои миллӣ омода менамоянд.

Манбаъ мегӯяд, Рӯзҳои фарҳангӣ ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор мегардад ва ҳадаф аз он шиносоии бештар пайдо кардан бо ҳунару санъати ҳамдигар ва  табодули таҷриба дар заминаи фарҳанг мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки моҳи марти имсол дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Русия Олга Любимова дар мавриди баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар тавофуқ ҳосил шуда буд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ  моҳи октябри соли 2005-ум баргузор гардидаву дар расми ифтитоҳи он   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт. Баъдан ин чорабинии бузурги фарҳангӣ солҳои 2011-ум ва 2015-ум низ гузаронида шуд.

Русия низ то имрӯз дар Тоҷикистон панҷ маротиба Рӯзҳои фарҳанг баргузор намудааст, ки дафъаи охири он соли гузашта сурат гирифта буд.

Аммо бояд таъкид дошт, ки нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав 81 сол қабл, дар соли 1941-ум зери роҳбарии Бобоҷон Ғафуров гузашта буд. Он вақт ҳайати Тоҷикистонро худи Иосиф Сталин, роҳбари вақти ИҶШС қабул намудаву аз ҷумла зикр карда буд, ки тоҷикон аз қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна мебошанд.


Тоҷикистону Эрон ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисонро тақвият мебахшанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед