Ru  | Tj
Самтҳои нави парвозҳо миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Россия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Самтҳои нави парвозҳо миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Россия
Акс: fly-inform.ru

Самтҳои нави парвозҳо миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Россия

Нашр шуд

Ширкати "Уральские авиалинии" самтҳои нави парвозҳоро миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Россия ба роҳ мемонад. Акнун ба ғайр аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд боз шаҳрҳои Кулобу Бохтар низ парвозҳоро қабул карда метавонанд. Дар саҳифаи расмии Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ гуфта шудааст, ки ширкати ҳавоии мазкур иҷозатномаи анҷом додани парвозҳоро гирифт. Аммо, ин маънои оғози парвозҳоро надорад ва оиди парвозҳо алҳол чизе гуфта нашудааст.

Иҷозатнома ҳаққи анҷом додани парвозҳо ба самти Перм-Кулоб ва Перм-Бохтарро медиҳад ва дар як ҳафта 3 парвоз ба нақша гирифта шудааст.

“Уральские авиалинии” аввалин ширкате мебошад, ки дар давраи пандемияи коронавирус иҷозатномаи ситоди ҷумҳуриро оид ба анҷом додани парвозҳои чартерӣ барои шаҳрвандони Федератсияи Россия гирифта буд.

Боз як кишвари дигар марзи ҳавоиро барои шаҳрвандони Тоҷикистонро боз кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед