Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон имзо шуд
Нашр шуд
Ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар арсаҳои муҳим густариш меёбад.
Имрӯз пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон бо ҳузури сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зери изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд. Чӣ гунае, ки сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, сарони давлатҳо ба созишномаҳои мазкур имзо гузоштанд:
- Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди бемории сил;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2021-2023;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ёддошти қолабӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи аэрокайҳонии Вазорати рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати эрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба таъсиси низоми тақсимоти молҳо.
Бояд гуфт, ки дар доираи ин санад доир ба таъсиси марказҳои низоми тақсими молҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 45 миллион доллари ИМА ва дар маҷмӯъ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи саноат наздики 500 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо мегардад.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед