Ru  | Tj
Санаи баргузории Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дақиқ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Санаи баргузории Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дақиқ гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи баргузории Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дақиқ гардид

Нашр шуд

Конфронси дуюми байналмилалӣ дар пойтахти кишвар аввали моҳи июн баргузор хоҳад шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, тибқи нақша аз 6-ум то 9-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зери унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор мегардад.

Таъкид мегардад, ки ташкилкунандагони Конфронс Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ва дигар шарикон мебошанд.

Ҳамчунин, ВКД аз ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзои СММ, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилоту коршиносони соҳа ва дигар ҷонибҳои алоқаманд даъват ба амал овардааст, ки худро барои иштирок дар Конфронси мазкур то 6-уми майи соли ҷорӣ номнавис намоянд.

Қайд мегардад, ки бақайдгирӣ тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ амалӣ мегардад.

Ҳамзамон қайд гардидааст, ки маълумоти ҷадид дар торнамои Конфронс (www.dushanbewaterprocess.org), дар Twitter (@DWaterProcess) ва Facebook (Dushanbe Water Process) мунтазам нашр мегардад.

Ёдрас мешавем, ки 20-уми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе, дар бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон "Кохи Сомон" Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо иштироки мақомоти Тоҷикистон ва садҳо намояндагони баландпояи хориҷӣ баргузор гардида буд.


Дар Бохтар Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед