Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сандуқи ОПЕК барои лоиҳаи нерӯгоҳи "Роғун" 25 млн доллар қарз ҷудо мекунад
Нашр шуд
Байни Тоҷикистон ва Сандуқи ОПЕК созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи НБО "Роғун" ба имзо расид.
Рӯзи 10 октябр дар шаҳри Вена дар қароргоҳи Сандуқи давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) маросими имзои марҳилаи аввали созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва ин созмони молӣ барои татбиқи лоиҳаи НБО "Роғун" ба маблағи 25 миллион доллар баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Абдулҳамид Алхалифа, раиси Сандуқи рушди байналмилалии содиркунандаи нафт имзо карданд.
Гуфта мешавад, ки маблағи умумии қарз аз ҷониби Сандуқи ОПЕК барои лоиҳаи нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар аст, ки дар 4 марҳила, дар доираи созишномаҳои алоҳида ҳар кадом ба маблағи 25 миллион доллар ҷудо мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008 – 2024 Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо барои амалисозии лоиҳаи неругоҳи "Роғун" зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.
Аз ҷумла, барои лоиҳаи Роғун созишномаҳои қарзии имтиёзнок бо Бонки Исломии Рушд ба маблағи 150 миллион доллар ва Сандуқи Саудии Рушд 100 миллион доллар ба имзо расонида шудаанд.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран зимни боздид аз неругоҳи "Роғун" гуфт, ки айни ҳол музокирот ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи грантӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 650 миллион доллар ва созишномаи қарзӣ бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ ба маблағи 500 миллион доллар идома дорад.
Таъкид мешавад, ки тавассути ду чархаи аввали ин неругоҳ аз солҳои 2018 – 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт – соат неруи барқ тавлид шудааст.
Гуфтанист, неругоҳи обии “Роғун” дар рӯди Вахш дар ҷануби Тоҷикистон бунёд гардида, бо иқтидори 3600 МВт дар Осиёи Марказӣ ҳам калонтарин неругоҳ маҳсуб мешавад. Анҷоми пурраи бунёди неругоҳи “Роғун” соли 2033 пешбинӣ шудааст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед