Ru  | Tj
Сармоягузории беш аз 100 милён долар ба иқтисоди Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сармоягузории беш аз 100 милён долар ба иқтисоди Тоҷикистон
Акс: nuqta.info

Сармоягузории беш аз 100 милён долар ба иқтисоди Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар чаҳорчӯби ҳамоиши байналмилалии сармоягузории “Душанбе-инвест 2023” минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар бахши рушди иқтисоди «сабз» бо сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ ба маблағи 51 милён долар қарордод ба имзо расониданд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамоиш ахиран дар Душанбе Стратегияи рушди иқтисоди “сабз”, иқтисоди диҷитолӣ, диҷитолисозии хидматрасонӣ ва сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифӣ гардид.

Дар натиҷа дар фарҷоми ин бахши ҳамоиши сармоягузорӣ чор санади ҳамкорӣ ба маблағи 51 милён долар байни мудирияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сармоягузорони хориҷиву ватанӣ ба имзо расонида шуд.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ - “Суғд”, “Данғара”, “Ишкошим”, “Кӯлоб” ва “Панҷ” фаъол аст, ки сармоягузорон зимни фаъолият дар қаламрави ин минтақаҳо аз имтиёзҳои зиёди молиётӣ бархурдор мешаванд.

Дар баробари ин Вазорати кишоварзии Тоҷикистон низ хабар медиҳад, ки дар чаҳорчӯби баргузории ҳамоиши байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» дар бахши кишоварзӣ бо сармоягузорони хориҷӣ 11 қарордоди дуҷониба ба маблағи беш аз 65 милён долар ба имзо расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед