Ru  | Tj
Сармоягузорони Свердловск дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки саноатӣ месозанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сармоягузорони Свердловск дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки саноатӣ месозанд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сармоягузорони Свердловск дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки саноатӣ месозанд

Нашр шуд

Дар дидори муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар бо ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Русия масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар мулоқоти Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини раиси вилояти Свердловск Василий Козлов ва Вазири ҳамкории иқтисодии хориҷии вилоят Вячеслав Ярин масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз қабили корхонаҳои бофандагӣ ва коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоии тайёр дар Тоҷикистонро баррасӣ шудааст.

Тарафҳо ҳамчунин ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар самти содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Русия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Манбаъ меафзояд, Абдураҳмонзода ва намояндагони Свердловск таъкид доштаанд, ки новобаста аз сатҳи хуби ҳамкории кунунӣ миёни ду кишвар ҳанӯз имконоти истифоданашуда зиëданд.

Русия аз муҳимтарин шарикони стратегӣ ва иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон аст. То имрӯз Душанбе ва Маскав зиёда аз созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба имзо расонидаанд.

Қаблан мақомоти расмии Тоҷикистон гуфта буданд, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 42 дарсад афзоиш ëфта, ба беш аз миллион доллар баробар  гаштааст.


Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед