Ru  | Tj
Сарони чандин кишвар Президент ва мардуми мамлакатро ба Истиқлол табрик гуфтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарони чандин кишвар Президент ва мардуми мамлакатро ба Истиқлол табрик гуфтанд
Акс: ТоҷикТА

Сарони чандин кишвар Президент ва мардуми мамлакатро ба Истиқлол табрик гуфтанд

Нашр шуд

Роҳбарони даҳҳо кишвари олам ба  Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паëми табрикӣ ирсол намуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат,  то ин дам ба Қасри миллат аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден, Императори Ҷопон Нарухито ва Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II номаҳои шодбошӣ ворид гаштаанд.

Ҳамчунин сарони кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қирғизистон, Эрон,  Покистон, Туркия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Корея, Олмон, Венгрия, Чехия, Полша, Италия, Шветсия, Швейтсария, Португалия, Баҳрайн, Шри-Ланка, Алҷазоир, Сингапур, Фаластин, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея бо ирсоли паëми табрикӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми мамлакатро ба ҷашни Истиқлол таҳният гуфтаанд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас ва Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо ҷашни Истиқлоли Тоҷикистонро ба Президент ва мардуми кишвар табрик намудаанд.

Хадамоти матбуоти Президент гуфтааст, ки вуруди номаҳои табрикӣ ба унвонии Сарвари давлат идома доранд.

Тоҷикистон ҳамасола 9-уми сентябр солгарди даст ëфтан ба Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад. 9-уми сентябр рӯзи ғайрикорӣ аст ва дар ин рӯз дар тамоми шаҳру деҳоти  кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд.


Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед