Ru  | Tj
Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ сари мизи машварат менишинанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ сари мизи машварат менишинанд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ сари мизи машварат менишинанд

Нашр шуд

6-уми августи соли равон дар шаҳри Туркманбошӣ ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки масоили вобаста ба омодагӣ ҷиҳати баргузории вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳо дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-уми июл дар Тошканд баргузор шуд, баррасӣ шудааст.

Дар ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам ширкат доштааст.

Ба иттилои манбаъ, вазирон ҳамчунин ба васеъсозии муҳтавои ин вохӯрӣ ва дар чаҳорчӯби он ба баргузор намудани Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи истеҳсолкунандагони миллии кишварҳои минтақа, Муколамаи занон-пешвоёни Осиёи Марказӣ ва дигар чорабиниҳо ибрози алоқамандӣ кардаанд.

Нишасти вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” сурат гирифт. Сироҷиддин Муҳриддин, ки барои ширкат дар ин конфронс ба Тошканд рафтааст, ҳамчунин дар вохӯрии роҳбарони ҳайатҳо дар қолаби С5+1 иштирок намуда ва ҳам бо ҳамтоёни худ аз Арабистони Саудӣ ва Турманистон дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ҷаласаи Байнипарлумонии вакилони Осиёи Марказӣ дар шакли онлайн


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед