Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Сарони кишварҳои узви СҲШ дар Остона ҷамъ меоянд
Нашр шуд
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзҳои 3-4 июл ба нақша гирифта шудааст.
Нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки рӯзҳои 3-4 июли соли ҷорӣ дар Қасри истиқлоли шаҳри Остона баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар додааст.
“4 июли соли 2024 дар Қасри истиқлоли Остона таҳти раёсати Қазоқистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа раҳбарони давлат ва ҳукуматҳои Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Муғулистон, Озарбойҷон, Қатар, АМА, Туркия ва Туркманистон, инчунин Дабири кулли СҲШ ва раҳбари сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ширкат хоҳанд кард”,- гуфта мешавад дар ин хабар.
Зимнан зикр гардид, ки ба ин ҳамоиш Дабири кулли СММ ва раҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.
«Дар ҷараёни мулоқот баррасии доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯз дар назар аст, ки нақши СҲШ-ро дар ҳалли мушкилоти кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ боз ҳам тақвият мебахшанд», - таъкид мекунад Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.
Қаблан дафтари матбуоти раҳбари Қазоқистон хабар дода буд, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 3-4 июл доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва башардӯстона баррасӣ хоҳанд кард.
Аз сӯи дигар чанде пеш Чжан Мин, дабири кулли СҲШ дар Тошканд гуфт, ки дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар моҳи июл дар Остона, дар масъалаи пайвастани Беларус ба узвияти комилҳуқуқи ин созмон тасмим гирифта мешавад.
Гуфтанист, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 таъсис шуда, ба он Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон шомиланд.
Инчунин Афғонистон, Белорус ва Муғулистон кишварҳои нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка, Кувайт, Малдив, Мянма, АМА ва Баҳрайн кишварҳои шарики муколама дар ин созмон ҳастанд.
Бояд гуфт, ки моҳи июли соли 2023 дар нишасти сарони СҲШ дар Деҳлии Нав, Эрон узви комилҳуқуқи ин созмон шуд ва ҳамзамон. Беларус ёддошти тааҳудотро барои гирифтани мақоми узвият дар ин созмон имзо кард.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед