Ru  | Tj
Сарони кишварҳои узви СПАД дар мулоқоти маҷозӣ вазъи Қазоқистонро ба баррасӣ мекашанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарони кишварҳои узви СПАД дар мулоқоти маҷозӣ вазъи Қазоқистонро ба баррасӣ мекашанд
Акс: Интернет

Сарони кишварҳои узви СПАД дар мулоқоти маҷозӣ вазъи Қазоқистонро ба баррасӣ мекашанд

Нашр шуд

Ба нақша гирифтани ҷаласаи таъҷилии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ( СПАД) аз ҷониби раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев пешниҳод шудааст.

Тавре “ТАСС” иттилоъ медиҳад, Путин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Қазоқистонро ҷонибдорӣ намуда, Арманистон, ҳамчун кишвари - раиси СПАД ва  созмондиҳандаи ин чорабинӣ рӯзи 9-уми январ санаи баргузории онро эълом доштааст.

Ба таъкиди манбаъ, 10-уми январ рӯзи баргузории ҷаласаи Шӯро муқаррар гардида, раҳбарони кишварҳои узви СПАД дар ин мулоқоти маҷозии ғайринавбатӣ доир ба рушди ҳодисаҳои Қазоқистони мубодилаи афкор хоҳанд намуд.

Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 5-уми январ Тоқаев аз сарони кишварҳои узви СПАД дархости кӯмак намуда буд. Худи ҳамон рӯз машваратҳо миёни раҳбарони давлатҳои  узви СПАД баргузор шуда, 6-уми январ Сарвазири Арманистон тасмими худро дар бораи фиристодани нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи ин созмон ба Қазоқистон (мувофиқи моддаи 4-уми Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ) эълон дошта буд.


Ҳушдори ВКХ ба тоҷикистониёне, ки дар Қазоқистон қарор доранд: "Аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоед!"




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед