Ru  | Tj
Сарони парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкориҳо таъкид карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарони парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкориҳо таъкид карданд

Сарони парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкориҳо таъкид карданд

Нашр шуд

Мулоқоти Рустамӣ Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко дар ҳошияи ҷаласаи 57-уми Маҷмааи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург баргузор шуд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар арсаҳои гуногун тамоюли устувори рушд дорад. Дар ин бора дар мулоқоти раисони палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия, Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко зикр гардид, хабар медиҳад сомонаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон.

Ба иттилои ин манбаъ, “зимни суҳбат ҷонибҳо аз тамоили усутвори рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарламентии Тоҷикистону Русия, изҳори қаноатмандӣ намуданд”.

Дар баробари ин ҷонибҳо дар мулоқот ба зарурати истифодаи пурраи зарфиятҳо ва имкониятҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид карданд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 21 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шурои Маҷмааи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард.

Дар ин ҷаласа чандин масъалаи вобаста ба фаъолияти Шурои Маҷмааи байнипарлумонӣ, муроҷиати Шуро ба муносибати 80-солагии Ғалаба, инчунин дигар масоили ҷориро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед