Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Сарони ҳукуматҳои ИДМ созишнома дар бораи тиҷорати хадамотрасониро имзо мекунанд
Нашр шуд
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтааст, ин ба осон шудани тиҷорат дар кишварҳои иттиҳод мусоидат хоҳад кард.
Тибқи иттилои хабаргузории ТАСС, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфтааст, сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ қасд доранд, ки дар ин моҳ созишномаи тиҷорати хадамотрасониро имзо кунанд.
«Дар ин моҳ, баъд аз чанд рӯз, дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ қарор аст, ки созишнома дар бораи тиҷорати хадамотрасонӣ, ки он муддати тӯлонӣ кор карда шуда буд, имзо шавад. Ин ба боз ҳам сода кардани тиҷорат дар доираи иттиҳод мусоидат хоҳад кард», - гуфтааст Лавров рӯзи 6-уми июн дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
Илова бар ин Лавров зикр кардааст, ки равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё жарфтар мешаванд.
«Ин лоиҳа воқеан аҳамият ва устувории худро собит кард, ки далели равшани он натиҷаҳои мусбати ҳамкориҳо, пеш аз ҳама, афзоиши назарраси ҳаҷми савдои мутақобила аст. Имрӯз бозори умумии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зиёда аз 180 миллион масрафкунанда дошта, ҳаракати озоди молҳо, хадамотрасониҳо, сармоя ва нерӯи корӣ таъмин аст», - гуфтааст Лавров.
Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кардааст, Маскав, ки соли равон раёсати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро бар уҳда дорад, ба густариши муколама бо кишварҳои сеюм ва сохторҳои байнулмилалӣ, ки ба ин манфиатдор ҳастанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. «Аз ҷумла, албатта, бо дӯстони тоҷики мо. Оморҳо дурнамои наздикшавии Тоҷикистон бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро нишон медиҳанд. Бино ба маълумоти Бонки авруосиёии рушд, соли гузашта 44 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои ЕврАзЭС рост меояд», - хулоса кардааст Лавров.
Ёдовар мешавад, ки Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи 5-уми июн бо сафири расмӣ вориди Душанбе шуда, имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дод. Инчунин Лавров дар доираи ин сафар аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ боздид кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед