Ru  | Tj
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои покистонии худ паёми таслият ирсол кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои покистонии худ паёми таслият ирсол кард
Акс: Интернет

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои покистонии худ паёми таслият ирсол кард

Нашр шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба обхезиҳои ахир дар Покистон, ки боис ба марги одамони зиёд гардид, ба Ориф Алвӣ, роҳбари ин кишвар паёми таслият ирсол кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи изҳори тасаллӣ ба ҳамтои покистонии худ аз ҷумла гуфтааст, ки «хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир боиси андӯҳи бепоёни мо гардид».​

Сарвари давлат дар идома ба Ориф Алвӣ, аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва таслияти сидқии худро иброз дошта, аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хостааст.

Лозим ба зикр аст, ки дар пайи селу обхезиҳои мудҳиши ҳафтаи охир дар Покистон ​ ​ теъдоди зиёди одамон ба ҳалокат расидаву шаҳру деҳоти ин кишвар осеби ҷиддӣ диданд. Идораи миллии мубориза бо офатҳои табиии Покистон гуфта, ки шумори қурбониёни обхезиҳо дар ин кишвар аллакай аз ҳазор нафар гузаштааст ва ҳам беш аз 950 ҳазор хона пурра ё қисман хароб гаштаанд.

Ҳукумати Покистон дар кишвар вазъияти фавқулода эълон намуда, барои рафъи паёмадҳои обхезӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ кӯмак хостааст.

Покистон: Нахуствазири собиқ - Имрон Хонро террорист хонданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед