Ru  | Tj
Сарвари давлат нақшаи кори Ҳукуматро барои нимсолаи якуми соли 2022 ба баррасӣ кашид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвари давлат нақшаи кори Ҳукуматро барои нимсолаи якуми соли 2022 ба баррасӣ кашид
Акс: Sputnik

Сарвари давлат нақшаи кори Ҳукуматро барои нимсолаи якуми соли 2022 ба баррасӣ кашид

Нашр шуд

Охирин ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021 рӯзи 29-уми декабр баргузор гардид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҷаласа таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон гузаронда шуда, дар рафти он шахсони масъули Ҳукумат дар бораи “Нақшаи кори Ҳукумати ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2022” оид ба раванди иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022"  ҳисобот пешниҳод намудаанд.

Таъкид мегардад, ки дар ҷаласа, инчунин дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни ҶТ "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022" аз ҷониби ниҳодҳои масъул ҳисобот ироа шудааст.

Ҳамзамон, аъзоёни Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳоро ба баррасӣ кашида, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҷумҳурӣ  ирсол намудаанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин, пешниҳоди вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав дар мавриди иваз кардани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ин ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Дар фарҷоми ҷаласа аъзоёни Ҳукумат ва дигар масъулини мақомоту идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо, ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии имсола ва иҷрои вазифаҳои нав дар соли 2022 аз раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас гирифтаанд.


Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон: Соли 2021 дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон соли пурсамар буд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед