Ru  | Tj
Сарварони Тоҷикистону Қазоқистон сӯҳбат карданд ва Эмомалӣ Раҳмон бар барқарории субот аз роҳи гуфтугӯ таъкид намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарварони Тоҷикистону Қазоқистон сӯҳбат карданд ва Эмомалӣ Раҳмон бар барқарории субот аз роҳи гуфтугӯ таъкид намуд
Акс: Интернет

Сарварони Тоҷикистону Қазоқистон сӯҳбат карданд ва Эмомалӣ Раҳмон бар барқарории субот аз роҳи гуфтугӯ таъкид намуд

Нашр шуд

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон 6-уми январ бо хости Қазоқистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар сӯҳбат Президенти Қазоқистон дар бораи вазъ дар кишвар ва тадбирҳои аз ҷониби раҳбарият барои ба эътидол овардани он андешидашуда маълумот дод.

Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ карда, изҳори умедворӣ намуд, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин омодагӣ барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худро эълом намуд.

Бояд гуфт, ки қаблан кишварҳои узви СААД бар ирсоли нерӯҳои сулҳофар ба Казоқистон ба тавофуқ расида буданд.


СПАД ба Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳ мефиристад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед