Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Сарвазири Қирғизистон Оқилбек Жапаров истеъфо дод
Нашр шуд
Сарвазири Қирғизистон, Оқилбек Жапаров рӯзи 16 декабр аз мақоми раиси ҳукумати ин кишвар истеъфо дод. Раисҷумҳури Қирғизистон Садир Жапаров фармони дахлдорро имзо кард, ки дар он сиёсатмадор бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раҳбари Қирғизистон хабар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, 24.kg бо истинод ба манобеи худ менависад, ки раиси ҳукумати Қирғизистон бо хоҳиши худ аризаи истеъфо навиштааст.
Нашрияи Kaktus.media низ бо такя ба манобеи худ дар ҳукумат менависад, ки Жапаров ба далели гузаштан ба кори дигар мақомашро тарк кард. Эҳтимол меравад, ки сиёсатмадор мушовири раисҷумҳур Садир Жапаров таъин шавад.
Бино ба иттилои Интерфакс, бинобар истеъфои нахуствазир, тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Қирғизистон дар назар нест ва ҳамаи вазирон симатҳои худро нигоҳ медоранд.
Баъдан маълум шуд, ки Одилбек Қосималиев, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали Оқилбек Жапаров кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси Девони вазирон ва роҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон таъйин шудааст.
Бояд гуфт, ки Қосималиев аз соли 2015 то 2018 вазири молияи Қирғизистон буда, соли 2022 муовини аввали раиси ҳукумати Қирғизистон таъйин шуд.
Гуфтанист, Оқилбек Жапаров аз моҳи октябри соли 2021 бо пешниҳоди Садир Жапаров ба мақоми раиси ҳукумат ва ҳамчунин роҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон мансуб шуда буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед