Ru  | Tj
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ дидор ва гуфтугӯ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ дидор ва гуфтугӯ намуд
Акс: Вазорати корҳои ҳориҷии Чумҳурии Тоҷикистон

Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ дидор ва гуфтугӯ намуд

Нашр шуд

Имрӯз Қоҳир Расулзода бо намояндаи СММ Ғода Фатҳӣ мулоқот анҷом дод. 

Ба иттилои АМИТ "Ховар", Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар вохӯрӣ бо Дабири кулли СММ-мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ масоили муҳимми дуҷонибаю бисёрҷонибаро баррасӣ намуд.

Гуфта мешавад, ки дар идомаи мулоқот ҷонибҳо дар мавриди васеътар густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки ҳукумати кишвар бо Дафтари СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи инсон ва ҳифзи марз  ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба мавзӯи “Мубориза бо терроризм ва пешгирии экстремизми хушунатомез”  баргузор гардида буд, ки дар он аз ҷониби иштирокдорон масъалаҳои муҳимми мубораза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.


Раиси Маҷлиси намояндагон: Тоҷикистон ба рушди равобит бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи доимӣ дорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед