Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон дар Хатлон беш аз 30 иншоотро ифтитоҳ кард
Нашр шуд
Рӯзҳои 26-27 ноябр ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуд.
Дар доираи сафар дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Фархор ва шаҳри Кӯлоб беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора хабаргузории расмии “Ховар” иттилоъ дод.
Тибқи иттилоъ ин манбаъ, аз миёни иншооти ифтитоҳшуда 16 адади он ба соҳаи маориф рост меояд, ки тақрибан 8 ҳазор хонандаро дар ду баст ба таълиму тарбия фаро мегиранд.
Зимни сафар Қоҳир Расулзода дар деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар ноҳияи Фархор роҳи мошингард бо тули беш аз 7 километрро ба истифода дод.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Фархор давоми соли 2024 зиёда аз 20 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ бунёд карда шуд.
Инчунин дар деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор бинои шуъбаи тавваллуди беморхонаи рақами 3 ба истифода дода шуд.
Дар идома бо ҳузури сарвазири Тоҷикистон дар деҳаи Себи сурх бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 ифтитоҳ карда шуд. Мактаб барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар деҳаи Сурхоб бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67-ро мавриди истифода қарор дода, ба 36 оилаи деҳоти Хутан калиди манзилҳои нави истиқоматиро супорид.
Бояд гуфт, ки хонаҳои истиқоматӣ, роҳу пул ва дигар иншооти маишию хизматрасонӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ қисми зиёди онҳо зарар дида буданд, дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда шуда, барои сокинони деҳоти Хутани ноҳияи Фархор манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд гардиданд. Ҳар як хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоб дар масоҳати 110 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 3 ҳуҷра, ошхона ва ҳаммом мебошад.
Дар идомаи сафари корӣ сарвазири Тоҷикистон инчунин бо лоиҳаи сохтмону навсозии роҳи мошингарди Гулистон, Панҷ ва Дӯстӣ, ки беш аз 139 километр тул дорад, шинос шуд.
Айни замон корҳо дар марҳилаи аввал, қитъаи Гулистон — Фархор идома доранд, ки 29,6 километрро дарбар мегирад.
Сарвазири Тоҷикистон аз масъулон иҷрои босифати корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур талаб намуда, ба масъулон дастур дод, ки дар доираи лоиҳа мавзеъҳои аҳолинишин чароғон карда шаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед