Ru  | Tj
Сатторов дар Белвю эътимодномаи худро ба дасти Штайнмайер супорид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сатторов дар Белвю эътимодномаи худро ба дасти Штайнмайер супорид
Акс: ASIA-Plus

Сатторов дар Белвю эътимодномаи худро ба дасти Штайнмайер супорид

Нашр шуд

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз Имомуддин Сатторов дар Қасри Белвю бо раисҷумҳури Олмон дидору гуфтугӯ кардаву эътимодномаи худро ба вай супорид. 

Тарафҳо дар ин дидор ҳолати кунунӣ ва чашмандози рушди равобити дуҷониба ва ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистону Олмонро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Манбаъ мегӯяд, ин вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор шуда,  Штайнмаер ба Сафири тозанмасуби Тоҷикистон дар Олмон дар фаъолияти дипломатияш барор хостааст. 

Қаблан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як паём интихоби муҷаддади Франк-Валтер Штайнмайер ба мансаби раисиҷумҳури кишварашро ба вай табрик гуфта буд. Раҳмон дар паёми хеш ҳамчунин таъкид дошта буд, ки таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарса бо Олмон аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. 

Имомуддин Сатторов қаблан чандин сол ба ҳайси Сафири Тоҷикистон дар Маскав фаъолият карда буд. 


Намояндаи Тоҷикистон гуфт, ки зарурати тақвияти ҳамкории СММ ва СААД ба миён омадааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед