Ru  | Tj
Саймумин Ятимов дар Москав аз афзоиши гардиши маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Саймумин Ятимов дар Москав аз афзоиши гардиши маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон гуфт
Акс: Sputnik

Саймумин Ятимов дар Москав аз афзоиши гардиши маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон гуфт

Нашр шуд

Дар шаҳри Москав ҷаласаи XVII-уми Сарони хадамоти амниятӣ ва иктишофии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Ба гузориши "Взгляд", дирӯз Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни нишасти Сарони хадамоти амниятӣ ва иктишофии давлатҳои аъзои ИДМ изҳор доштааст, ки ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ аз Афғонистон афзоиш ёфтааст.

"Мо эҳсос менамоем, ки талоши кочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ афзоиш ёфтааст, аз ин рӯ, ҳоло Тоҷикистон дар чунин мавқеъ қарор дорад, ки шабу рӯз кор кунад ва 24 соат дар ҳоли омодабошӣ қарор дошта бошад", гуфтааст Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон С. Ятимов.

Дар ин бора, Президенти Русия Владимир Путин аз иштирокчиёни нишаст даъват ба амал овардааст, ки вазъ дар сарҳади Афғонистонро таҳти назорат гиранд ва барои мубориза омода бошанд.

Дар чорабинии мазкур ҳайатҳои хадамоти махсуси 9 кишвари ИДМ - Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон иштирок намуданд.

Ҷаласаи қаблии (XVI-ум) Сарони хадамоти амниятӣ ва иктишофии кишварҳои узви ИДМ 23-юми сентябри соли 2019 дар шаҳри Қазони Тотористон сурат гирифта буд.




Эманнуэл Макрон аз талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созиш накардан бо гурӯҳҳои террористӣ истиқбол кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед