Ru  | Tj
Сайругашти амири Қатар дар Самарқанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сайругашти амири Қатар дар Самарқанд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон

Сайругашти амири Қатар дар Самарқанд

Нашр шуд

Рӯзи 5-уми июн амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо ҳамроҳии Шавкат Мирзиёев, кишвардори Узбакистон бо ёдгориҳои меъмории Самарқанди бостонӣ шинос шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон, дар оғоз сарони кишварҳо аз расадхона ва осорхонаи Мирзо Улуғбек боздид карданд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки имрӯз дар Узбакистон марказҳои зиёди омӯзиши тамаддуни исломӣ ва мероси ниёгон ташкил карда шудаанд.

Сипас роҳбарон аз осорхонаи Афросиёб дидан карданд, ки нигораҳо ва наққошиҳои девории он таърихи сеҳазорсолаи Самарқанди бузургро бозгӯйӣ мекунанд. Дар яке аз мусаввараҳо маросими пазироии сафирон аз ҷониби ҳокими Афросиёб тасвир шудааст.

Бояд гуфт, ки амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар доираи сафари минтақаии хеш ба Осиёи Марказӣ рӯзи 5-уми июн бо сафари давлатӣ вориди Самарқанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳои мунташиршуда, амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ рӯзҳои 8-9 июн аз Тоҷикистон низ боздид мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи ин сафар аз ҷумла бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ва амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бузургтарин масҷиди ҷомеи Душанбе, ки бо сармоягузории муштараки ду ҷониб сохта шудааст, ифтитоҳ хоҳад шуд.

Масҷиди бузурги ҷомеъи Душанбе, ки сохтмони он расман соли 2009 дар майдони 12 гектар оғоз шуда буд, барои наздики 100 ҳазор намозхон пешбинӣ шудааст. Ҳазинаи сохтмони ин масҷид ҳудуди 100 милюн доллар арзёбӣ мешавад, ки 70 милюн доллари онро давлати Қатар маблағгузорӣ кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед