Ru  | Tj
Се ҷудокори Тоҷикистон дар панҷгонаи бартари ҷаҳон ҷой гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Се ҷудокори Тоҷикистон дар панҷгонаи бартари ҷаҳон ҷой гирифтанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Се ҷудокори Тоҷикистон дар панҷгонаи бартари ҷаҳон ҷой гирифтанд

Нашр шуд

Федератсияи байналмилалии ҷудо радабандии нави варзишгаронро нашр кард, ки ба он ҷудокорони Тоҷикистон шомиланд.

Дар радабандии навшуда ҷудокори шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар байни ҳамаи ҷудокорони Тоҷикистон аввал аст. Дар байни ҷудокорони сангинвазн Темур Раҳимов 6200 имтиёз гирифта, дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол мекунад.

Ҷойи дуюм миёни устодони ҷудои тоҷик насиби Сомон Маҳмадбеков (81 кг) гардид. Сомон бо 4980 имтиёз ба мақоми 5-ум дар ҷаҳон баромад. Бояд гуфт, ки ҳам Темур Раҳимов ва Сомон Маҳмадбеков дар Олимпиадаи Порис соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар мақоми сеюм ҷудокори тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг қарор дорад.

Нуралӣ 4381 имтиёз дорад ва дар ҷаҳон дар ҷои 5-ум мебошад. Чорум аз Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 кг аст, ки 2760 имтиёз дорад ва дар радабандии ҷаҳонӣ ҷойи 19-умро касб кардааст.

Дар панҷгонаи беҳтарин ҷудокорони Тоҷикистон Обид Ҷебов (66 кг) 2934 имтиёз дошта ва дар радабандӣ дар мақоми 22-юм аст.

Дар ин радабандии нави ҷаҳонӣ Комроншоҳи Устопириён (90 кг) - 2382 имтиёз ҷои 27-ум, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) - 2013 имтиёз ҷои 29-ум, Абубакр Шеров (73 кг) - 1735 имтиёз ҷои 30-ум, Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) бо 1850 имтиёз дар ҷои 31-ум ва Меҳрзод Сӯфиев (60 кг) бо 835 имтиёз дар мақоми 57-ум дар ҷаҳон қарор доранд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ шаш роҳхати олимпӣ дар риштаи ҷудо ба даст овард. Ҳафт ҷудокори тоҷик роҳхати олимпиро соҳиб шуданд, аммо дар ниҳоят танҳо шаш нафар ба Бозиҳои Олимпии соли 2024 роҳ ёфт, зеро аз ҳар даста як нафар метавонист дар як вазн дар Порис рақобат кунад.

Ҳамин тариқ дар Олимпиадаи Порис ҷудокорон Темур Раҳимов, Нуралӣ Эмомалӣ, Сомон Маҳмадбеков, Беҳруз Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов ширкат карданд. Дар натиҷа Темур Раҳимов ва Сомон Маҳмадбеков дар Олимпиадаи Порис соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед