Ru  | Tj
Се зоири тоҷик дар Макка ҷон бохтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Се зоири тоҷик дар Макка ҷон бохтаанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Се зоири тоҷик дар Макка ҷон бохтаанд

Нашр шуд

Дар соли ҷорӣ Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми маносики ҳаҷ 7 ҳазор ҷой ҷудо карда буд.

Се шаҳрванди Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ҳангоми адои ҳаҷ ҷон бохтанд.  Дар ин бора ба ТАСС сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон,  Зайнаб Ҳусейнова хабар дод.

«Се ҳоҷӣ, ки дар маросими ҳаҷ дар Макка ҷон бохтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд», - гуфт Ҳусейнова.

Вай афзуд, ки ному насаб ва синну соли зоирон ва сабабҳои марги онҳо мушаххас мешавад. Гуфта мешавад як нафари онҳо сокини Душанбе, ду нафар аз вилоятҳои Суғду Хатлон мебошанд.

Ба гуфтаи вай, дар соли 2024 мақомоти Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор ҷой ҷудо кард.

"Аммо ба далели он, ки бархе аз афрод бо сабабҳои мухталиф натавонистаанд ба Макка бираванд, ҳудуди 6 ҳазор нафар аз ин кишвар барои адои маросими ҳаҷ рафтанд", - тавзеҳ дод вай.

Сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон афзуд, ки бозгашти зоирин ба Тоҷикистон аз 23 июн оғоз шуда, то 10 июли соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи охирин ахбор дар Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷҷи фарзӣ, ки аз 14 то 19 июн давом кард, беш аз 1000 зоир ҷони худро аз даст додаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед