Ru  | Tj
Сели маргбор дар ноҳияи Нуробод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сели маргбор дар ноҳияи Нуробод
Акс: аз манбаъҳои боз

Сели маргбор дар ноҳияи Нуробод

Нашр шуд

Тайи 24 соати охир дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел талафоти ҷонӣ ва молӣ ба бор овард. Дар пайи селобҳо беш аз 200 нафар дар яке аз манотиқи кӯҳистонӣ ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 1 июл дар деҳоти Дашти Марзо, ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод сел ба амал омад, ки дар натиҷа 10 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ, боғҳо ва роҳҳои байни деҳаҳо зери об монд.

Дар баробари ин рӯзи 1 июл дар минтақаи Рашт, бар асари боришоти кӯтоҳмуддат дар деҳаи Шулонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи Рашт сел ба амал омад. Дар натиҷа роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Рашт муваққатан баста шуд. Барои бартараф намудани оқибатҳои сел техника ва кормандони хадамоти роҳдории ноҳия ҷалб гардида, роҳ дар қитъаи мазкур тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардид.

Дар идома гуфта мешавад, ки 1 июл дар деҳаи Сари Пӯлаки ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод сел ба амал омад. Сел мошини тамғаи «Опел-Зефира»-и сокини деҳаи Ҷавчиро пахш кард. Дар ин асно сокинон тавонистанд, ки ду кӯдак, як зан ва як мардро аз мошин берун кунанд. Мутаассифона, ронандаи худравро наҷот дода натавонистанд. Дар натиҷаи талошҳои муштарак ҷасади ронанда дар 4 километр поёнтар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд.

Ҳамчунин 1 июл дар деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор бар асари омадани сел як пул тахриб шуд. Ҳамзамон дар натиҷаи омадани сел 36 хона ва иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ (67 оила, 267 нафар) зери об монд.

Ҳамаи сокинони ин маҳала ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд.

Таъкид мешавад, ки бо мақсади муайян намудани хисорот ва роҳандозии корҳои бартарафсозӣ як ҳайат бо роҳбарии сарҳанг Ҳотамшо Латифзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба маҳали ҳодиса сафарбар карда шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед