Ru  | Tj
Сергей Лавров ба Тоҷикистон меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сергей Лавров ба Тоҷикистон меояд
Акс: Интернет

Сергей Лавров ба Тоҷикистон меояд

Нашр шуд

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД имсол дар Душанбе баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 19-уми май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар Душанбе доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Ҷаласаи мазкур имсол дар Душанбе, таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байнулмилалӣ бо арзёбии таъсири он ба амнияти кишварҳои узви Созмон, инчунин рушду таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи СААД табодули назар сурат мегирад.

Инчунин роҳбарони ҳайатҳо қарорҳоеро, ки ҷиҳати баррасӣ ба иҷлосияи тирамоҳии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон пешниҳод мешаванд, тасдиқ мекунанд.

Дар ҷаласа қабули як қатор изҳороти муштарак оид ба масоили муҳимми байнулмилалӣ, ҳамкории СААД бо давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байнулмилалӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан вазирони корҳои хориҷии ду кишвар масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхайро дар як сӯҳбати телефониашон мавриди баррасӣ қарор дода буданд.

Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед