Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сертификати Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 ба Душанбе супорида шуд
Нашр шуд
Ҳайати расмӣ аз кумитаи иҷроияи ИДМ ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар маросими расмии супоридани сертификати тасдиқкунандаи мақоми "Душанбе-пойтахти фарҳангии ИДМ-2021" ташриф оварданд.
Ҳайятро муовини Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов роҳбарӣ намуда, ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сертификати тасдиқкунандаро супориданд.
Маросими тантанавӣ дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Ба шаҳри Душанбе унвонӣ пойтахти фарҳангӣ аз шаҳрт Шимкенти Қазоқистон гузашт. Соли 2015 шаҳри Кулоб низ сазовори пойтахти фарҳангӣ гашта буд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед