Ru  | Tj
Шӯрои ҷаҳонии тилло аз кам шудани ҳаҷми захираи тиллои Тоҷикистон хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои ҷаҳонии тилло аз кам шудани ҳаҷми захираи тиллои Тоҷикистон хабар дод
Акс: ASIA-Plus

Шӯрои ҷаҳонии тилло аз кам шудани ҳаҷми захираи тиллои Тоҷикистон хабар дод

Нашр шуд

Дар ду соли гузашта мизони захираи давлатии тилло дар Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои "Goldomania.ru", Шӯрои ҷаҳонии тилло дар гузорише навиштааст, ки захираи тиллои Тоҷикистон аз 22,3 тоннаи соли 2019-ум беш аз 14 тонна кам шудаву дар охири соли 2021-ум ба 8 тонна расидааст.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баръакс раванди афзоиши захоири тилло ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар ин давра захоири тилои Қазоқистон беш аз 40 тонна, Қирғизистон 6 тонна ва Ӯзбекистон 4,6 тонна афзоиш ёфтааст.

Дар Русия бошад давоми ду соли охир захираи тилло ҳудуди 185 тонна зиёд шудаву ҳаҷми умумии он қариб ба 3 ҳазор тонна расидааст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳудуди ҳафтод фисад аз ҳаҷми умумии истихроҷи тилло ба корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – “Зарафшон” рост меояд. Айни замон дар кишвар 10 корхонаи заршӯӣ фаъолият доранд.

Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки соли гузашта беш аз 39 дарсад аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон ба Швейтсария рост омада, ин кишвар миёни шарикони содиротии Душанбе мақоми аввалро касб кардааст.

Бархе аз расонаҳо менависанд, ки аз Тоҷикистон ба Швейтсария бештари сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тилло содирот мешавад.

Алюминий, тилло, нафт: дар Тоҷикистон кадом корхонаҳо ҳастанд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед