Ru  | Tj
Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад
Акс: EADaily

Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад

Нашр шуд

Имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД вазъи Афғонистон баррасӣ мешавад.

Ба иттилои сомонаи ин созмон, 23-юми август иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сиғаи маҷозӣ (видеоконфронс) ва таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, мавзӯи асосии ҷаласа баррасии вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД аст.

Имсол раёсати давраии СААД ба Тоҷикистон вогузор шудааст. Рӯзҳои 15-16-уми сентябр дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.

Қаблан ин созмон эълом дошта буд, ки омодаи расонидани тамоми кӯмакҳои зарурӣ ба Тоҷикистон аст. Ҳамчунин Моҳи гузашта Станислав Зас, Дабири кулли ин созмон дар пайи ноором шудани вазъ дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба Душанбе омада, бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карда буд.

Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД ҳастанд.

Коршинос: "Раёсатӣ дар СҲШ ва СААД метавонад барои Тоҷикистон таъсири мусбат расонад"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед