Ru  | Tj
Шӯрои амнияти СММ: Аз 200 то 400 узви "Ал-Қоида"* дар ҷануби Афғонистонанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои амнияти СММ: Аз 200 то 400  узви "Ал-Қоида"* дар ҷануби Афғонистонанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Шӯрои амнияти СММ: Аз 200 то 400 узви "Ал-Қоида"* дар ҷануби Афғонистонанд

Нашр шуд

Гурӯҳи назорати таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал мегӯяд, ки аз 200 то 400 ҷангҷӯи гурӯҳи террористии «Ал-Қоида»* дар вилоятҳои ҷанубии ин кишвар ҳузур доранд.

Ин мавзӯъ ахиран дар шакли гузориши 29-уми ин созмон дар бораи ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Афғонистон, ки таҳти султаи Толибон* аст, ба Шӯрои Амнияти СММ ирсол шуд. Дар ин бора нашрияи “8-и субҳ”-и Афғонистон хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, ҷангиёни «Ал-Қоида»* дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд, Қандаҳор, Нимрӯз, Пактико ва Зобул фаъол ҳастанд.

Тибқи гузориши СММ, ин ҷангиён шаҳрвандони Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Ҳиндустон ва Мянмар мебошанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бо вуҷуди инкори Толибон*, Маҳмуд, раҳбари шохаи «Ал-Қоида»* дар нимҷазираи Ҳинд ва Отиф Яҳё Ғурӣ, муовини ӯ дар Афғонистон ҳастанд.

Нозирон дар ин гузориш бо ишора ба ҳузури густардаи ҷангҷӯёни дигар "гурӯҳҳои террористӣ" ҳушдор додаанд, ки пас аз дубора сари қудрат омадани Толибон*, Афғонистон ба як макони "амн" барои ин гурӯҳҳо табдил шудааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳарчанд бахши Хуросони ДИИШ* дар Афғонистон қаламрави маҳдуд дар ихтиёр дорад, аммо ин гурӯҳ метавонад дар саросари минтақа ҳамлаҳои печида анҷом диҳад.

Ин гузориш ҳамчунин ҳузури ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон ва Ҷунбиши Туркистони Шарқӣ* дар Афғонистонро ошкор кардааст.
 
Бар асоси гузориши Созмони Милал, дар Афғонистон аз се то панҷ ҳазор ҷангҷӯи Таҳрики Толибони Покистон зери назорати Толибон* фаъол ҳастанд.

Нозирон бар ин боваранд, ки таҳрики Толибон* бо гурӯҳҳои дигар, аз ҷумла Ал-Қоида* ва ДИИШ* робитаи хеле наздик дорад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи бархе аз аъзои Созмони Милали Муттаҳид, Толибон* ҷангиёни Ҷунбиши Туркистони Шарқиро* аз пойгоҳи суннатиашон дар Бадахшон ба ҳайси ҷангҷӯёни худ ба Бағлон, Тахор ва дигар вилоятҳо интиқол додаанд.

Бояд гуфт, ки Кумитаи назорати таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша гурӯҳҳои ҷангҷӯ, аз ҷумла Ал-Қоида*, Толибон* ва ДИИШ*-ро дар ҷануби Осиё, бахусус Афғонистон назорат мекунад.

Кумита муваззаф аст, ки иҷрои таҳримҳои СММ алайҳи ин гурӯҳҳоро таъмин кунад. Ин дар ҳолест, ки чанд моҳ пеш Шӯрои амнияти СММ аз ҳузури дастикам 12 гурӯҳи хориҷӣ дар Афғонистон хабар дода буд.


 *-созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед