Ru  | Tj
Шӯрои Амнияти СММ ба чаҳор узви Толибон* иҷозаи сафар ба Арабистони Саудиро дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои Амнияти СММ ба чаҳор узви Толибон* иҷозаи сафар ба Арабистони Саудиро дод
Колаж аз etilaatroz

Шӯрои Амнияти СММ ба чаҳор узви Толибон* иҷозаи сафар ба Арабистони Саудиро дод

Нашр шуд

Абдукабир, Ҳаққонӣ, Васиқ ва Соқиб чор узви аршади Толибон* иҷозаи сафар ба Маккаро дарёфт карданд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки ба Муҳаммад Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазир, Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати корҳои дохилӣ, Абдулҳақ Васиқ, мудири кулли истихборот ва Нурмуҳаммад Соқиб, сарпарасти Вазорати Ҳаҷи Толибон*, барои сафар ба шаҳри Макка, барои адои ҳаҷ иҷозат додааст. Дар ин бора сомонаи etilaatroz. com хабар дод.

Бар асоси эъломияи Шӯрои амнияти СММ, иҷозати сафар барои ин аъзои Толибон* рӯзи 5 июн содир шудааст.

Ин афрод дар феҳристи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд ва аз сафар ба хориҷа манъ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз сафари ахири Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва Абдулҳақ Восиқ ба Имороти Муттаҳидаи Араб ёдовар нашудааст ва маълум нест, ки ин сафар бо иҷозаи ин шӯро сурат гирифтааст ё на.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ дар нахустин сафари расмии хориҷиаш пас аз дубора сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон, ҳафтаи ҷорӣ ҳамроҳ бо Абдулҳақ Восиқ ва Анас Ҳаққонӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар кард ва бо Шайх Муҳаммад бин Зоид бин Султон Оли Наҳаён, раиси давлати Имороти муттаҳидаи Арабӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ин дар ҳолест, ки сарпарасти вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон* низ дар феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯи пулиси федеролии Амрико қарор дорад ва барои маълумоте, ки боиси боздошти ӯ мешавад, 10 миллион доллар ҷоиза муқаррар шудааст.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед