Ru  | Tj
Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ: Вазъи мураккаби Афғонистон набояд фазои амни кишварҳои узви СҲШ-ро халалдор созад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ: Вазъи мураккаби Афғонистон  набояд фазои амни кишварҳои узви СҲШ-ро халалдор созад
Акс: Вазорати мудофия ҶТ

Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ: Вазъи мураккаби Афғонистон набояд фазои амни кишварҳои узви СҲШ-ро халалдор созад

Нашр шуд

Аз 26-ум то 29-уми июли соли равон дар Душанбе маҷлиси Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои узви СҲШ баргузор гардид.

Масоили авҷ гирифтани низоъҳо ва афзоиш ёфтани муноқишаҳои дохилӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, паҳншавии бемории нави сироятии Ковид-19 ва шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои террористиву экстремистӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳангоми ҷаласа дар маркази диққати вазирони мудофиаи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай қарор гирифт.

Таъкид гардидааст, ки ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна хатарҳо ва таъмини бехатарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай идома додани густариши муносибатҳои самарбахш ба манфиати кор аст.

Илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳои давлатҳо амалиётҳои муштараки Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СҲШ ва машқҳои дастҷамъонаи зиддитеррористии Ситоди-фармондеҳӣ зери унвони "Рисолати сулҳҷӯёна-2021" баргузор мегардад.

Дар баробари баррасии масоили таъмини амният, масъалаи мураккаб гардидани вазъ дар Афғонистон пас аз ихроҷ шудани нерӯҳои байналмиллалии посдори сулҳ аз ин кишвар баррасӣ гардида, таъкид гардид, ки таҳкими нақшаҳои бисёрҷониба дар самти муносибатҳои низомӣ муҳим ва саривақтӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки аз 18-ум то 23-юми октябри соли 2021 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон фестивали оркестерҳои ҳарбӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин, ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.



Вазирони мудофиаи давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе ҷамъ омаданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед