Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шаҳрдории Душанбе ба барандагони 19-умин бозиҳои Осиё хона туҳфа хоҳад кард
Нашр шуд
Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе рӯзи 18-уми сентябр зимни мулоқот бо ҳайати дастаи варзишкорони Тоҷикистон, ки дар 19-умин бозиҳои Осиё дар Чин ширкат мекунанд, гуфт, ки дар баробари ҷоизаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба ғолибони ин бозиҳо хонаи маскунӣ тақдим хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе бо нашри гузорише хабар дод.
Ба иттилои ин манбаъ, тибқи қарори шаҳрдории Душанбе барои варзишкорони Тоҷикистон, ки дар 19-умин бозиҳои Осиё дар Чин нишони тило ба даст меоранд, манзили сеҳуҷрагӣ, барандагони нишони нуқра – дуҷуҳрагӣ ва гирандагони нишони биринҷӣ – якҳуҷрагӣ туҳфа карда мешавад.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаи раисҷумҳури Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст, ки барои нишони тило 150 ҳазор сомонӣ, нуқра – 100 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ – 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистонро дар 19-умин бозиҳои Осиё дар Чин 118 варзишкор дар 19 риштаи варзиш муаррифӣ хоҳанд кард.
Гуфтанист, Бозиҳои Осиё дар шаҳри Ҳанҷоуи Чин аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиё 481 маҷмӯъи медалҳо дар 40 риштаи варзиш бурд карда мешавад.
Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳанҷоу ва 5 шаҳри музофоти Ҷезиён – Нинбо, Вэнҷоу, Синхуа, Шаосине ва Ҳуҷоуи Чин сурат мегиранд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед