Ru  | Tj
Шаҳрдории Душанбе: Масъалаи кӯчонидани Хона-музейи Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар марҳилаи омӯзиш аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шаҳрдории Душанбе: Масъалаи кӯчонидани Хона-музейи Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар марҳилаи омӯзиш аст
Акс: Википедия

Шаҳрдории Душанбе: Масъалаи кӯчонидани Хона-музейи Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар марҳилаи омӯзиш аст

Нашр шуд

Ҳукумати шаҳри Душанбе бо нашри иттилоияе ба масъалаи ба ҷойи дигар кӯчонидани Хона-музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон рӯшанӣ андохт. 

Дар иттилоияе, ки рӯзи 12-уми ноябр дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нашр шуд, шаҳрдории пойтахт ба қазияи тахриби бинои хона-музейи Садриддин Айнӣ ва ба ҷойи дигар интиқол додани он рӯшанӣ андохт.

Шаҳрдорӣ дар ин иттилоия тасдиқ намуд, ки воқеан Ҳукумати шаҳри Душанбе ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешниҳод ироа намуда буд, аммо  масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.

Ҳамчунин дар иттилоияи мазкур таъкид шудааст, ки дар ҷойи Хона-музей бунёди ҳеҷ як иншооти дигаре ба нақша гирифта нашудааст  ва хабарҳо дар бобати сохтмони меҳмонхона дар ин макон асоси воқеӣ надоранд. 

Нашри иттилоияи шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки масъалаи кӯчондани Хона-музейи устод Айнӣ дар интернет  ҳафтаи гузашта аз доғтарин баҳсҳои сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ буд  ва боис ба вокунишҳои сахти зиёиёни кишвар ва мардум гардид. 

Аз ҷумла, Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки “Осорхонаҳо, осори хотири хотираи башаранд! Ба осорхонаҳо, ба хотири хотираи башар, арҷ нагузоштан, эҳтиром зоҳир накардан гуноҳи азим, балки иштибоҳи нобахшиданист!..”

Садриддин Айнӣ асосгузори адабиёти навини тоҷик, нахустин Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) ва Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. 

Вай солҳои 1951-1954 се соли ҳаёти худро дар манзиле, ки ҳоло Хона-музей аст, гузаронидааст ва Хона-музей соли 1978 бахшида ба 100-солагии ӯ бунёд гардидааст. 

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ ба намоиш гузошта шуданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед