Ru  | Tj
Шаҳрдории Олмотӣ низоми ирсоли фаврии паёмак дар замони заминларза роҳандозӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шаҳрдории Олмотӣ низоми ирсоли фаврии паёмак дар замони заминларза роҳандозӣ мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Шаҳрдории Олмотӣ низоми ирсоли фаврии паёмак дар замони заминларза роҳандозӣ мекунад

Нашр шуд

То охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Олмотии Қазоқистон низоми огоҳсозии фаврии аҳолӣ дар замони заминларза роҳандозӣ мешавад. Барои ин лоиҳа аз буҷа беш аз 1 милён долар ҷудо шудааст. Дар ин бора Ерболат Досаев, шаҳрдори Олмотӣ дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон хабар дод, иттилоъ медиҳад Kursiv.kz.

Мақомоти шаҳри Олмотӣ ин низомро дар ҳамдастӣ бо Вазорати рушди диҷитолӣ ва Вазорати рухдодҳои фавқулодаи Қазоқистон таҳия мекунанд. «Ин технология бар хилофи SMS-ҳои суннатӣ сарбории иловагӣ ба шабака эҷод намекунад ва имкон медиҳад, ки якбора ва оммаӣ ба ҳамаи муштариёне, ки дар минтақаи фарогирии фиристанда ҷойгиранд, паҳн карда шавад», - гуфт Досаев.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳангоми заминларзаи рӯзҳои 23-юми январ ва 4-уми марти соли равон дар Олмотӣ бисёре аз сокинон ва меҳмонони шаҳр дар бораи ин ҳодиса бо таъхири назаррас паёмаки огоҳкунанда дарёфт карданд. 

Дар мавриди заминларзаи рӯзи 4-уми март Эрболат Досаев, шаҳрдори Олмотӣ гуфт, ки субҳи 5-уми март вазъ дар ин шаҳр муътадил буда, ситоди фаврӣ фаъолият дошта, тамоми хадамот сафарбар шуда, ба реҷаи пурзӯри кор гузаронида шуданд. Ҳамчунин фурудгоҳ, истгоҳҳои роҳоҳан ва метро дар ҳолати муқаррарӣ кор мекунанд.

Дар ин замина зикр шуд, ки то кунун ба Вазорати рухдодҳои фавқулодаи Қазоқистон дар бораи осеб дидани иншооти иҷтимоъӣ ва сохтмонҳои маскунии бисёрошёна дар шаҳр 156 шикоят ворид шудааст. 

Ба гуфтаи ин ниҳод, то ҳол дар маконҳои муваққатӣ беш аз сад кас боқӣ мондаанд. Пас аз заминларза танҳо як ҷабрдидаро ба бемористони Олмотӣ бурданд ва ба ӯ кумаки пизишкӣ расонида шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед