Ru  | Tj
Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд
Акс: Интернет

Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд

Нашр шуд

Дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе тақрибан 200 шаҳрванди Афғонистон, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҷамъ шудаанд. Онҳо дар дасташон парчами Афғонистон, шиор, расми Аҳмадшоҳи Масъуд ва Аҳмад Масъудро доранд.

Аз навори мустақими дар шабакаҳои иҷтимоии нашршуда аён аст, ки аксари иштирокчиёни ин ҳамоиш занон мебошанд. Занону кӯдакон бо як овоз шиорҳои зеринро такрор ба такрор қироат карданд: "Мо адолати иҷтимоӣ мехоҳем", "Покистон берун шав аз Афғонистон", "Зинда бод Афғонистон", "Марг ба Толибон", "Марг ба Покистон", "Мо ҳаққи таҳсил кардан дорем", "Мо демократия мехоҳем", "Зинда бод муқовимати миллӣ", "Зинда бод Панҷшер", "Зинда бод Аҳмад Масъуд", "Қиём барои озодӣ", "Марг ба терроризм", "То ҳуқуқи худро барнагардонем, ором намешавем" ва ҳоказо.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар давоми ҳамоиш суханронӣ намуда, илова намуд, ки "Ман бениҳоят хушҳолам, ки шумо ба ин ҷо омадед ва дар бораи эҳсоси худ ба Афғонистон гуфтед. Овози мо нишонаи ҳамдардии мо ба Афғонистон аст. То он даме, ки ҳуқуқи занон дар Афғонистон барқарор нашавад, мо ором намешавем. Мо озодӣ мехоҳем. Зинда бод Афғонистон! Зинда бод Аҳмад Масъуд! Зинда бод муқовимати миллӣ! Зинда бод Қаҳрамони миллии Афғонистон! Мо аз парчами серангаи худ ҳимоят мекунем!"

Хотиррасон менамоем, ки пас аз фирори Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Толибон бе ҷанг ба пойтахти ин кишвар - шаҳри Кобул - даромада, дар муддати якчанд соат марказро ба итоати худ дароварданд. Танҳо музофоти Панҷшер ба Толибон таслим нашудааст ва муборизаро барои озодии Афғонистон аз ҷангиёни ғосиб идома медиҳад. Аксари шаҳрвандони Афғонистон аз тоҷикон то паштуну ҳазора, ӯзбеку нуристонӣ ва қавмҳои дигар ҷонибдори Аҳмади Масъуд ҳастанд.



Ҳавонавардони НҲҲ Афғонистон, ки дар Ӯзбекистон паноҳ бурданд, ба пойгоҳи низомии ИМА интиқол меёбанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед