Ru  | Tj
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз асорати гуруҳи ҷиноӣ дар Теҳрон озод карда шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз асорати гуруҳи ҷиноӣ дар Теҳрон озод карда шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз асорати гуруҳи ҷиноӣ дар Теҳрон озод карда шуданд

Нашр шуд

Баъди хабари расонаҳои эронӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ таъйид кард, ки чор шаҳрванди ин кишвар аз асорати гуруҳи ҷиноӣ дар Теҳрон наҷот дода шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шаҳрвандони ин кишвар бо номҳои Абдураҳмонов Х.Х., Бозоров А.А., Назаров Ҳ.А. ва Ғайратзода А.Н. аз асорати гурӯҳи ҷиноӣ дар Теҳрон раҳо шуданд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки шаҳрвандони мазкур бо баҳонаи дастрас намудани раводиди Амрико бо роҳи қаллобии интернетӣ аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба Эрон бурда шуда, дар шаҳри Теҳрон бо мақсади ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ба гарав гирифта шуда буданд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон ин шаҳрвандони Тоҷикистон озод шуда, ҷинояткорон боздошт гардиданд.

Дар ин робита, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кард, ки ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми чунин гуруҳҳои ҷиноятӣ наафтанд ва ба ҳар гуна эълону пешниҳодҳо вобаста ба гирифтани раводид ҷиҳати сафар ба кишварҳои хориҷӣ бовар накунанд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, сардор Алии Валипур Гударзӣ раиси пулиси истиҳбороти Теҳрон дар тавзеҳи ҷузъиёти ин хабар гуфт, ки паноҳгоҳи қочоқчиён ва макони нигаҳдории афроди рабудашударо дар яке аз шаҳрҳои вилояти Теҳрон муайян карданд ва пас аз дарёфти иҷозаи додгоҳӣ соати 19:00-и рӯзи 14 август дар ҷараёни як амалиёти ногаҳонӣ ба макони нигаҳдории чаҳор шаҳрванди рабудашудаи хориҷӣ, онҳоро раҳо кардаанд.

 Ба гуфтаи сардор Гударзӣ, дар ҷараёни амалиёти полис, ҳамаи чаҳор шаҳрванди хориҷӣ, ки ба гаравгон гирифта шуда буданд, бидуни осеб наҷот дода шуданд.

Вай афзуд, ки дар ин иртибот 5 нафар қочоқбарони инсон, ки шаҳрвандии ғайриэронӣ доштанд, низ боздошт шуданд. Зимни амалиёти полис се нафари ҷинояткорон, ки бо силоҳи сард ба ҷони гаравгонҳо таҳдид мекарданд, безарар гардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 15 август дар Душанбе Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон мулоқот кард.

Ба гузориши ИСНА, Рамазон Раҳимзода дар ин дидор бо ишора ба тамоюли афзояндаи ҳамкориҳои ду кишвар ва ҳамчунин шароиту таҳаввулоти минтақа ва чолишу таҳдидҳои муштарак, густариши ҳамкориҳо миёни вазоратҳои дохилаи Тоҷикистон ва Эрон дар бахшҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсонро муҳим ва зарурӣ арзёбӣ кард.

Аз сӯи дигар Алиризо Ҳақиқиён бо ишора ба сатҳи хуби равобити ду кишвари дӯст, бародар ҳамфарҳанг ва ҳамзабон аз омодагии комили Вазорати умури дохилии Эрон барои густариши бештари ҳамкориҳо бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед