Ru  | Tj
Шарики асосӣ. Маҳсулоти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Швейтсария содирот мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шарики асосӣ. Маҳсулоти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Швейтсария содирот мешавад
Акс: SNG.Today

Шарики асосӣ. Маҳсулоти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Швейтсария содирот мешавад

Нашр шуд

Вазорати рушди иқтисод ва савдо панҷ шарики аслии содиротии Тоҷикистон дар соли гузаштаро эълон намуд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта беш аз 39 дарсад аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон ба Швейтсария рост омада, ин кишвар миёни шарикони содиротии Душанбе мақоми аввалро касб кардааст.

Қазоқистон, Туркия, Чин ва Ӯзбекистон низ дар соли сипаригардида маҳсулоти Тоҷикистонро ба таври назаррас харида, дар феҳрасти панҷгонаи шарикони аслии кишвар қарор гирифтаанд.

Вазорат гуфтааст, ҳаҷми табодули мол бо Швейтсария дар соли 2021 ба беш аз 726,4 миллион доллар баробар будааст, ки 707,6 млн доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд.

Манбаъ меафзояд, дар моҳҳои январ-ноябри соли гузашта маблағи содиротии мол ба беш аз 1,8 миллиард доллар ва воридот ба зиёда аз 3,7 миллиард доллар баробар будааст.

Бояд гуфт, ки молҳои асосии содиротии Тоҷикистон алюминийи аввалия, нахи пахта, металҳои қиматбаҳо ва хушкмева мебошанд.

Соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба Швейтсария бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ин кишвар мулоқот анҷом дода, аз роҳбарони ширкатҳои швейтсарӣ даъват ба амал оварда буд, ки ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистонро тақвият бахшанд.


Дар Тоҷикистон барои содироткунандагон озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед