Ru  | Tj
Шартҳои тавофуқи содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон маълум шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шартҳои тавофуқи содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон маълум шуд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Шартҳои тавофуқи содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон маълум шуд

Нашр шуд

Тибқи тарҳи нашршудаи қарордод, қимати нерӯи барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" барои Қазоқистон 3,4 сент хоҳад буд.

Тоҷикистон тарҳи созишнома бо Қазоқистон дар мавриди интиқоли неруи барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" ба Қазоқистонро нашр кард.

Матни ин санад дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст, хабар медиҳад Sputnik.

Тибқи ин тарҳ, интиқоли пешбинишудаи нерӯи барқ тавассути хатҳои интиқоли барқи байнидавлатӣ бо дарназардошти имконоти фании кишварҳои ҳамсоя барои транзит сурат мегирад.
«Маркази молиявии дастгирии манобеи барқароршавандаи нерӯ», ки сохтори зертобеи Вазорати энергетикаи Қазоқистон аст, тибқи тарҳи қарордод барои интиқоли барқ бо ҶСК «НБО Роғун» шартнома мебандад»,-зикр шудааст дар матни лоиҳаи қарордод.
Мӯҳлати қарордод барои 20 сол пешбинӣ шуда, ду ҷониб метавонанд онро то 10 соли дигар тамдид кунанд.

Интиқоли неруи барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон танҳо дар давраи камбуд дар минтақаи шимолу ҷанубии Шабакаи ягонаи барқи Қазоқистон амалӣ хоҳад шуд.

Гутфа мешавад, ки транзити нерӯи барқ то ба марзи Қазоқистонро ҶСК “НБО “Роғун” анҷом медиҳад.
Арзиши неруи барқ аз неругоҳи "Роғун" барои Қазоқистон 3,4 сент барои 1 кВт/соатро ташкил медиҳад, ҳаҷми интиқоли барқ аз рӯи ҷадвалҳои тасдиқшудаи ҳаррӯза муайян карда мешавад.

Гуфтанист, неругоҳи обии “Роғун” дар рӯди Вахш дар ҷануби Тоҷикистон бо иқтидори 3600 МВт бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Анҷоми пурраи сохтмони неругоҳи “Роғун” соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Зикр мешавад, ки тавассути ду чархаи аввали ин нерӯгоҳ солҳои 2018 – 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед