Ru  | Tj
Шавкат Мирзиёев аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хостааст, ки арзиши чиптаҳоро боло набаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёев аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хостааст, ки арзиши чиптаҳоро боло набаранд
Акс: Интернет

Шавкат Мирзиёев аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хостааст, ки арзиши чиптаҳоро боло набаранд

Нашр шуд

Президенти Ӯзбекистон аз фаъолияти 25 корхонаи соҳаи ҳавопаймоӣ интиқод намудааст.

Тавре ОИ "Fergana" хабар медиҳад, Шавкат Мирзиёев як рӯз қабл зимни баргузории ҷаласа оид ба рушди устувори иқтисод ва табдили корхонаҳои давлатӣ арз доштааст, ки ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" набояд ба болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймо роҳ диҳад. 

Дар ҷаласаи мазкур ширкатҳои ҳавопаймоии Ӯзбекистон дар навбати худ қайд намудаанд, ки ба иллати зиёд намудани ҷараёни мусофирони транзитӣ, соддагардонии низоми додани иҷозатнома барои парвозҳои чартерӣ, табдил додани майдонҳои ҳавоии маҳаллӣ ба марказҳои транзитӣ дар минтақаҳо зарурати ҷорӣ кардани усулҳои муосири кор дар шароити рақобати озод ба миён омадааст.

Зимнан, Сарвари давлати Ӯзбекистон ба ширкатҳои ҳавопаймо ҳушдор додааст, ки дар ҳолати ҷавобгӯ набудан ба талаботи замон, аз дастгирии давлат комилан маҳрум хоҳанд шуд.


Рустами Эмомалӣ барои гузаронидани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштин 2 миллион сомонӣ ҷудо кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед