Ru  | Tj
Шералӣ Кабир аз афзоиши рекордии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шералӣ Кабир аз афзоиши рекордии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар хабар дод
Акс: ASIA-Plus

Шералӣ Кабир аз афзоиши рекордии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар хабар дод

Нашр шуд

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 23 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда миёни кишварҳои ИДМ мебошад.

Ба гузориши Halva.tj, Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал дар ҳузури хабарнигорон аз афзоиши рекордии ҳаҷми тавлидоти саноатии кишвар хабар дод.

Вазир гуфт, дар соли 2021-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 22,9 дарсад афзудаву ба 38,8 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Таъкид гардид, ки ба таври қиёс ин нишондиҳанда дар Русия 5, Ӯзбекистон 9,5 ва Қирғизистон 0,2 фисад будааст.

Шералӣ Кабир афзуд, ки соли гузашта аз ҳама бештар корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва металҳои гаронбаҳо ҳаҷми тавлидотро зиёд намудаву ба маблағи беш аз 12, 4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Зикр гардид, ки дар соли 2021-ум Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ 271 ҳазор тонна маъдани софшуда, 1,2 миллион тонна семент ва 100 ҳазор тонна нахи пахта содирот кардааст.

Бояд гуфт, ки бар пояи омори расмӣ, айни замон дар кишвар беш аз 2250 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумор аз ҷумла, 266-тои он марбут ба саноати истихроҷ ва 1828-тоаш корхонаҳои коркард мебошанд.

Афзоиши рекордии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чаҳоруми стратегии худ эълон намудааст.

Ҳамчунин, моҳи декабри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон эълон намуда буд. Президент гуфта буд, ки давоми ин солҳо бояд 870 корхонаи нави саноатӣ бунёд ёбад ва ҳаҷми тавлиди маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ бирасад.


Тоҷикистону Белорус корхонаи муштараки истеҳсоли лифт бунёд мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед