Ru  | Tj
Шеъри Мавлоно илҳомбахши кӯмаки масеҳиён ба гуруснагони Афғонистон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шеъри Мавлоно илҳомбахши кӯмаки масеҳиён ба гуруснагони Афғонистон шуд
Акс: Интернет

Шеъри Мавлоно илҳомбахши кӯмаки масеҳиён ба гуруснагони Афғонистон шуд

Нашр шуд

Лиан Клиланд, масъули иртибототи Дафтари имдодҳои масеҳиён, гуфт, насрониҳои бритониёӣ бо ҳукумати ин кишвар даъват карданд, ки кӯмак ба гуруснагони Афғонистон ироа шавад.

Клиланд гуфт, ки дар шаш моҳи охир ҳамеша барои Афғонистон нигарон будааст.

Вай афзуд, зиёда аз як миллион кӯдак дар Афғонистон хатари гуруснагӣ доранд ва 95 дарсади аҳолӣ ғизои кофӣ надоранд, ки мояи нигаронии ӯ аст.

Клиланд бо ёдоварӣ аз як порча шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки мегӯяд: "Ҳар ҷо вайрона буд, онҷо умед ба ганҷ аст" афзуда, "Мо ин ганҷҳоро ҳамеша дар (кӯмаки масеҳӣ) пайдо мекунем."

Вай бо гуфтани ҷумлаҳои эҳсосотӣ, аз қабили "Ҳар як тӯҳфа, новобаста аз андоза ҳаётро тағйир медиҳад, маҳсулот дубора кошта мешаванд ва дар ҳавзҳо дубора оби ширин пайдо мешавад” аз шаҳрвандони Англия хостааст, ба кӯмаки фаврии мардуми Афғонистон бишитобанд.

“Афғонистон кишвари харобзада аст. Хонаводаҳо фарзандони худро барои харидани ғизо мефурӯшанд, кӯдакон дар зери барф аз гуруснагӣ мемиранд, модарони ҳомила тифле ба дунё меоранд, ки шояд зинда намонанд ва ин бадтарин бӯҳрони инсонӣ дар ҷаҳон аст” – гуфтааст Клиланд.

Ҳамчунин, Дафтари иртиботот изҳор доштааст, ки фақр бар зидди инсоният зулм аст.

"Мо боварӣ дорем, ки дар харобаҳои Афғонистон умед ба ганҷҳо вуҷуд дорад ва бовар дорем, ки якҷоя метавонем умеди ноумедонро барқарор кунем"- афзудааст Клиланд.

Қобили зикр аст, ки пас аз мувоҷеҳ шудани Афғонистон ба бӯҳрони башардӯстона масеҳиён дар як қатор манотиқи ҷаҳон тавассути созмонҳои хайрия ба кӯмаки ниёзмандони мусалмон дар Афғонистон шитофтанд.

Ба бовари онҳо ин наздикии мазҳабҳо аст ва бояд мазҳабҳо дар рӯзҳои сахт якдигарро кӯмак кунанд.


Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон кӯмак мерасонад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед