Ru  | Tj
Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии Ҷоми ҷаҳон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии Ҷоми ҷаҳон
Акс: аз манбаъҳои боз

Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии Ҷоми ҷаҳон

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2024 доир кард.

Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гурӯҳи «Е» бо қаҳрамони Африқо – мунтахаби Марокаш вохӯрд. Вохӯрӣ маҷрои шадид касб карда, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони Марокаш анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 19 сентябр дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо қаҳрамони феълии ҷаҳон - яккачини Португалия, ки дар даври якум бар тими Панама бо ҳисоби 10:1 пирӯз шуд, рақобат мекунад. Бояд гуфт, ки тими миллии Португалия қаҳрамонии феълии ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «Е» шомил аст.

Рақибони футзалбозони тоҷик тимҳои миллии Марокаш, Португалия ва Панама мебошанд.

Дар мусобиқоти даҳуми қаҳрамонии футзали ҷаҳон дар Узбекистон 24 дастаи мунтахаб барои ҷоизаҳо мубориза мебарад.
 
Ба марҳилаи плей-офф ду дастаи бартар аз ҳар гуруҳ ва инчунин чаҳор даста бо нишондоди беҳтарини ҷойҳои сеюм роҳ меёбанд.

Марҳилаи гурӯҳӣ як ҳафта аз 14 то 22 сентябр идома ёфта, дар ин марҳила ҳашт даста мусобиқотро тарк мекунад.

Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз 24 то 27 сентябр, чорякфинал 29 ва 30 сентябр, даври ниманиҳоӣ 2 ва 3 октябр ва бозии ниҳоӣ 6 октябр дар Тошканд баргузор мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед