Ru  | Tj
Ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоишгоҳи байналмилалии Маскав бурданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоишгоҳи байналмилалии Маскав бурданд
Акс: Sputnik

Ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоишгоҳи байналмилалии Маскав бурданд

Нашр шуд

Даҳ ширкати нассоҷии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи шаҳри Маскав маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар дод, ки даҳ ширкати нассоҷии кишвар дар 56-умин ярмаркаи федералии молу таҷҳизоти нассоҷӣ ва саноати сабуки «Текстиллегпром», ки дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи шаҳри Маскав баргузор мешавад, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.

Вазорат гуфт, ки Тоҷикистонро дар ин ярмарка 10 ширкати ватанӣ, аз ҷумла: ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «КоТа Глобал», ҶДММ «Меҳровари Қурғонтеппа», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Ортекс», СИ «Раҳматов», СИ «Раҳматов», ҶДММ «ТоҷТекс» ва ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ширкатҳои тоҷикӣ асосан ба ин намоишгоҳ маҳсулоти либосворӣ бурдаанд.

Ярмаркаи 56-уми федералии яклухти молу таҷҳизоти нассоҷӣ ва саноати сабуки «Текстиллегпром» аз 21-ум то 24-уми сентябр дар дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи шаҳри Маскав ва бо иштироки зиёда аз 350 ширкат аз минтақаҳои гуногуни Русия баргузор мешавад.

Ҳамчунин ширкатҳои нассоҷии 20 кишвари ҷаҳон аз қабили Италия, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Лаҳистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар ин ярмарка маҳсулоти худро ба маъраз мегузоранд.

Дар Тоҷикистон соли гузашта 30 ва имсол 12 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед