Ru  | Tj
Ширкати ҷаҳонии «Çalık Holding»-и Туркия дар Тоҷикистон ҳамкор ва бозор меҷӯяд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати ҷаҳонии «Çalık Holding»-и Туркия дар Тоҷикистон ҳамкор ва бозор меҷӯяд
Акс: Интернет

Ширкати ҷаҳонии «Çalık Holding»-и Туркия дар Тоҷикистон ҳамкор ва бозор меҷӯяд

Нашр шуд

«Çalık Holding»-и Туркия тасмим дорад, ки бо корхонаю ширкатҳои саноатии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад.

Рӯзи 18-уми май дар Душанбе вохӯрии роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати «Çalık Holding»-и Туркия баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкати «Çalık Holding», роҳҳои дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон ба миён гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки ширкати «Çalık Holding» дар бахши саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, энергетика, молия, телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ фаъолият дошта, корхонаҳои нассоҷии зерсохтори ширкат ба қатори истеҳсолкунандагони бузурги матои ҷинс дар ҷаҳон шомил гардидааст.

Ширкати мазкур бо брендҳои ҷаҳонӣ, аз қабили «Diesel», «Replay», «G-Star», «Tommy Hilfiger», «Pepe Jeans», «Topshop», «River Island», «Marks & Spencer», «Citizen of Humanity», «Guess», «Joe’s Jeans», «Good American», «Frame», «Banana Republic», «H&M», «GAP», «Zara», «IKEA», «LIDDLE», «TESCO», «SEARS» ҳамкорӣ дорад.

Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи сейсмология

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед